Талафоти навбатии «Реал» пеш аз бозӣ бо «Челси»

Талафоти навбатии «Реал» пеш аз бозӣ бо «Челси»

Сомонаи дастаи “Реал Мадрид” хабар медиҳад, ки дифоъгар Рафаэл Варан бинобар сабаби осеб бардоштанаш дар бозии ҷавобии даври ½ финали ЛЧ бар муқобили “Челси” бозӣ намекунад. Ёдовар бояд шуд, ки Варан дар бозии даври 34-уми Ла Лига бар зидди “Осасуна” (2:0) осеб гирифта, дар дақиқаи 46-ум иваз карда шуд. Ҳамин тавр Варан бозии ҷавобии даври ½ финалро тариқи Телевизион тамошо мекунад. Дар хотир дошта бошед, бозии нахустини дастаҳо дар шаҳри Мадрид бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Акнун бозии ҷавобӣ бошад, фардо 5-уми май соати 23:55 дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ»-и шаҳри Лондон баргузор мешавад.