Тумани шадид, 2 гол ва дуздидани байрақчаи кунҷи майдон

Тумани шадид, 2 гол ва дуздидани байрақчаи кунҷи майдон

“Фортуна Ситтард” ва “Фейеноорд” натавонистанд аз сабаби тумани шадид рақобати даври 1/8 Ҷоми Нидерландҳоро ба анҷом расонанд. Футболбозон қариб ним соат азоб кашиданд, аммо дар натиҷа бозӣ ба ҳафтаи дигар гузаронида шуд.
Ҳоло пеш аз бозӣ ташкилотчиён оиди баргузории ин дидор шубҳа доштанд. Довар шароитро мусоид шуморида, қарор баровард, ки бозӣ кардан мумкин аст. Дар дақиқаҳои қисми охири бозӣ “Фейеноорд” ҳисобро боз кард.

rue278c96971e.jpg

rue0ed42f67e4.jpg

Пас аз танаффус туман якбора шиддат гирифт ва ҳатто тӯби норинҷӣ мушкилиро ҳал накард. Яке аз мухлисон бошад, аз туман истифода карда, бо боварии он, ки ӯро ҳеҷ кас намебинад, байрақчаи кунҷии майдонро дуздид.

rue4593e91653.jpg

Соҳибони майдон то он вақте, ки довар дар дақиқаи 64-ум бозиро қатъ кард, соҳибони майдон тавонистанд ҳисобро баробар кунанд.

ba9763d0711ea94c7d434acbf66fd.jpeg

Пас аз ним соат ташкилотчиён ба хулосае омаданд, ки шароит беҳтар нагардид ва бо розигии тарафайн рақобатро қатъ карданд.
Ин бозӣ акнун як ҳафта пас, 28-уми январ баргузор мегардад. Рақобат аз дақиқаи 64-ум ва бо ҳисоби 1:1 шурӯъ мешавад.

642123d0c11ea9d01d434acbf66fd.jpeg

Охирон бор бозии Ҷоми Нидерландҳоро аз сабаби тумани шадид моҳи феврали соли 2001 қатъ карда буданд. Ҷолиб аст, аммо дар он бозӣ ҳам “Фейеноорд” бозӣ мекард ва онҷо ҳам дар меҳмонӣ буд. Он бозиро дар ҳоли 0:0 будани ҳисоб дар дақиқаи 28-ум қатъ карданд. Пас аз як ҳафта “Херенвен” бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард ва ба полуфинал баромад.