Ҷудокорони навраси тоҷик бо нокоми Ҷоми Осиё оид ба ҷудоро оғоз карданд

Ҷудокорони навраси тоҷик бо нокоми Ҷоми Осиё оид ба ҷудоро оғоз карданд

Имрӯз  дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи қоравии ҷудо -Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2022) ба хотири Бакет Махмутов - ходими намоёни варзиши қазоқ оғоз шуд.  Дар рақобатҳо  миёни наврасон , ки имрӯз баргузор  гардид,  ҷудокорони кишвари мо  Фотимахон Гадоева (-52 кг) , Ҷасур Лутфишоев (-55 кг) , Худодод Шанбиев (- 60 кг), Ҷаъфари Ҷаъфар (-66 кг)  ва Мӯссо Саъдуллоев (-66 кг) ҳунарнамоӣ карданд. Мутассифона 5 намояндаи кишвари мо дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.

Дар даври аввал зери вазни то 52 кг ҷудокори кишвари мо Фотимахон Гадоева бо мизбони мусобиқа Гулноз Омирбек рӯи татамӣ қувваозмоӣ кард.  Дар ин нерӯсанҷӣ ҷудокори мо ноком шуд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Миёни писарон дар вани то 55 кг Ҷасур Лутфишоев ҷудоварзи кишвари мо бо ҷудоварзи қазоқ  Аят  Атписбейл дар даври аввал рақобат карда, шикаст хӯрд. Зери ин вазн 28 ҷудокор аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон,  Туркманистон ва Қирғизистон иштирок доранд.

Дар вазни то 60 килограм кишвари моро Худодод Шанбиев намояндагӣ кард. Мавсуф дар даври аввал аз ҷудокори қазоқ  Айбой Кузейов мағлуб гардид.

Намояндаи дигари кишвари мо Ҷаъфари Ҷаъфар зери вазни то 66 кг дар даври аввал аз ҷудокори  қазоқ Азамат Амирхон мувоҷеҳи шикаст шуд. Ҳамчунин Мӯсо Саъдуллоев  ҷудокори дигари кишвари мо низ дар ҳамин вазн аз  аз Ҳибирай Мурай шикаст хӯрд.

Ҳамчунин ҳоло сабқатҳо миёни наврасон  пагоҳ 14 –уми май, байни ҷавон - 14-15-уми  май баргузор мешаванд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 ҷудокор муаррифӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем ,ки дар мусобиқа байни наврасон 300 варзишгар (197 мард ва 103 зан) аз 6 кишвари қора, байни ҷавонон 239 варзишгар (153 мард ва 86 зан) аз 6 кишвари қора ширкат меварзад.