Ҷудокорони тоҷик дар Душанбе зери роҳнамоии мураббии ҷопонӣ тамрин карда истодаанд

Ҷудокорони тоҷик дар Душанбе зери роҳнамоии мураббии ҷопонӣ тамрин карда истодаанд

Пас аз иштирок дар Гранд Слам ва ҷамъомади тамринии байналмилалӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади тамриниро идома медиҳад.

 Ба ҷамъомади тамринӣ беш аз 50 нафар – варзишгароне, ки дар Чемпионати Тоҷикистон аз ҷои 1 то 5-умро ишғол карда буданд, даъват карда шуданд.

Тамринҳоро, ки аз 15 то 25 март дар Қасри варзиши шаҳри Душанбе доир мегардад, мутахассиси ҷопонӣ Тамура Торӣ ва мураббиёни тоҷик Муҳаммад Абдураҳмонов, Суҳроб Абдураҳмонов мегузаронанд.

Мақсад аз ҷамъомади тамринӣ омодагии дастаи мунтахаб ба Гранд Слами Анталия, мусобиқаҳо дар Хабаровск ва Москваи Федератсияи Россия ва Чемпионати ҷаҳон дар Доҳаи Қатар мебошад.








Манбаъ: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон