УЕФА «Манчестер Сити»-ро ҷарима кард

УЕФА «Манчестер Сити»-ро ҷарима кард

Созмони УЕФА бошгоҳи «Манчестер Сити»-ро дар ҳаҷми 3 ҳазор евро ҷарима намуд. Ин қарор баъди он гирифта шуд, ки “шаҳриҳо” пеш аз бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили “Реал” (2:1) бо пероҳанҳои сарпарастдоштаи хеш тамрин намудаанд. Бозигарони “МС” пеш аз бозии мазкур бо пероҳанҳои ғайрии Лигаи Чемпионҳо вориди майдон шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин бори аввал нест, ки “МС” қоидаҳои УЕФА-ро вайрон мекунанд.