Варзишгарони тоҷик ба Самарқанд рафтанд!

Варзишгарони тоҷик ба Самарқанд рафтанд!

Рӯзҳои 23-юм ва 25-уми  сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор мешавад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин мусобиқаи фароқоравӣ иштироки варзишгарони 9 кишвар Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон , Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Филиппин, Тайланд ва Малайзия дар назар аст.

17 нафар варзишгар дар ин мусобиқа Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Ғайрат Неъматов роҳнамоӣ мекунад.

Мусобиқа дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена”, ки нав бунёд шудааст доир мешавад. Дар ин бора Федератсияи варзиши сабук аз макони баргузории мусобиқа хабар додааст.

 Варзишгарон дар сабқатҳои дав ва майдонӣ ё техникӣ – ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулула, гурз - нерӯ месанҷанд.

Дар рӯзи сеюми чорабинӣ марҳилаи навбатии дави байналмилалии хайриявӣ “Save Aral 2022” доир хоҳад шуд. Беш аз 2000 иштирокчӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба буҳрони экоклогӣ дар атрофи баҳри Арал медаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 4-ум Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар Самарқанд:

Бонувон
Кристина Пронженко (400м; 800м)
Раҷабмо Абдуллоева (5000м; 10000м)
Мавлуда Асламова (партоби гулула, партоби найза)
Муштарӣ Бодоқулова (партоби диск)

Мардҳо
Александр Пронженко (100м; 200м)
Абубакр Носиров (100м; 400м)
Фаворис Музрапов (100м; 200м)
Илдар Аҳмадиев (200м)
Ленид Пронженко (110м/монеа; 400м/монеа)
Муҳаммадризо Мирзозода (400м; 400м/монеа)
Ҳасан Кулов (800м; 1500м)
Меҳрубон Шамсиддинов (5000м; 10000м)
Зуҳуршоҳи Наҷмиддин (5000м; 3000м/монеа)
Меҳробҷон Одинаев (10000м; 3000м/монеа)
Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба бадандӣ)
Абдурауф Мусоев (партоби гулула ва гурз)
Зикрило Турахонов (партоби найза)