110 миллион еврои “Манчестер Сити” ба Бразилия меравад

110 миллион еврои “Манчестер Сити”  ба Бразилия меравад

Яке аз пулдортарин дастаҳои футболи муосир- “Манчестер Сити” ин навбат нисбати харидории нимҳимоягари 17-солаи   "Фламенго" Матеус Франса бар ивази 100 млн евро камари ҳиммат бастанист. Матеус Франсаи 17-сола айни ҳол таҳти назари ҷиддии абардастаҳои аврупоӣ қарор дошта, дар тими «Фламенго» пештар аз ҳам дар хусуси пурмаҳорат будани бозингари худӣ дарак доштанд ва аз ин рӯ дар шартномааш арзиши арзандаеро ҳам ҷой кардаанд. Ҳамакнун   “Сити”, Реал» ва ё “Барса” бояд талоши бештаре ба харҷ диҳанд, то дар харидории нигини навбатии бразилӣ дар тоз шаванд. Франса то ба ҳол дар сафи тими ҷавонони «Фламенго» баромад мекунад, аммо «шаҳриҳо» боянд дар ин росто савдокории зираконаеро ба кор баранд, то ки дар харидории ин ҷавон пешдастӣ кунанд.