Аҳтам Назаров аз “Истиқлол” ба “Андиҷон” гузариш намуд

Аҳтам Назаров аз “Истиқлол” ба “Андиҷон”  гузариш намуд

Ҳимоятгари “Истиқлол” ва капитани тими миллии Тоҷикистон - Аҳтам Назаров фаъолияти футболии худро дар чемпионати Ӯзбакистон идома медиҳад.

Аҳтам Назаров, ки аз соли 2013 дар “Истиқлол” бозӣ мекунад, субҳи имрӯз ба фурдугоҳи бошгоҳи футболи “Андиҷон” рафт. Баъди ба ҷамъомади тамринии намояндаи Суперлигаи Ӯзбакистон дар Анталия омадан,  Аҳтам  зери  шартномаи дусола имзо хоҳад гузошт.

«Истиклол» хамеша дар дили ман аст!  Ман ҳамеша бо шумо хоҳам ва буд!» - гуфт Аҳтам Назаров пеш аз рафтан.


Сарчашма: Дафтари матбуотии “Истиқлол”