Ғалабаи таърихии “Эйбар” бар “Атлетико”

Ғалабаи таърихии “Эйбар” бар “Атлетико”

Дастпарварони Диего Симеоне дар доираи бозиҳои даври 20-уми Ла Лига меҳмони бошгоҳи “Эйбар” шуданд. Ин дидор бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди дастаи мизбон хотима ёфт. Голҳои дастаи мизбонро Эстебан Бургос дар дақиқаи 10-ум ва Эдуардо Экспозито дар дақиқаи 90-ум заданд.
Ин пирӯзӣ нахустин ғалабаи бошгоҳи “Эйбар” дар бозиҳо бар зидди “Атлетико” аст. Баскҳо то ин дидор 11 бозӣ бо шогирдони Диего Симеоне гузаронида буданд, вале ягон ғалаба надоштанд. Дар ҳисоби онҳо 2 мусовӣ ва 9 бохт сабт шуда буд.