“Барселона” аввалин пирузиашро ба даст овард

“Барселона” аввалин пирузиашро ба даст овард

Дар бозии охири даври 20-уми Ла Лига дастаҳои “Барселона” ва “Гранада” бо ҳам рақобат карданд. Бозии мазкур якумин бозии дастаи каталонӣ дар варзишгоҳи Камп Ноу дар соли 2020 ба ҳисоб мерафт. Кике Сетиен бошад ба ҳайси сармураббии дастаи “Барселона” аввалин бозии худро гузаронид. Вохӯрии дастаҳо дастаҳо бо ҳисоби як бар ҳеҷ ба фоидаи “Барселона” ба анҷом расид. Голи ягонаи бозиро Лионел Месси ба дарвозаи дастаи “Гранада” зада, дастаашро ба пирӯзӣ расонид. Акнун баъди ин ғалаба дастаи “Барселона” бо ба даст овардани 43 имтиёз ба бошгоҳи “Реал Мадрид” баробар шуда, пештозиро дар ЛаЛига идома медиҳад.

Ла Лига | Даври 20-ум
“Барселона” 1-0 “Гранада” 
Гол: Лионел Месси (Видал) - дақиқаи 76-ум.