Бензема дар бозӣ муқобили “Ливерпул” ба дастовардҳои нав ноил гардид

Бензема дар бозӣ муқобили “Ливерпул” ба дастовардҳои нав ноил гардид

Ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” Карим Бензема дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳои муқобили  “Ливерпул” (1:0) дар даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо голи 33-юмро ба самар расонд.

Ҳамлагари 35-солаи фаронсавӣ аз рӯи ин нишондод дар таърихи мусобиқот дар ҷои сеюм  қарор дорад. Криштиану Роналду бо 67 гол ва Месси бо 49 гол аз Бензема пештаранд.  Роберт Левандовски аз Бензема се гол қафо мондааст. Томас Мюллер бошад,  26 гол дар ихтиёр дошта,  дар панҷгонаи беҳтаринҳо шомил шудааст.

Инчунин, ҳамлагари тими “Реал Мадрид” дар феҳристи голзанҳои таърихи Лигаи Чемпионҳо дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Бензема 89 гол задааст. Танҳо Криштиану Роналду (140), Лионел Месси (129) ва Роберт Левандовски (91) бештар гол доранд.

Ҳамчунин, Бензема бозии 129-умашро дар мусобиқаи Лигаи Чемпионҳо дар ҳайати “Реал” доир кард ва аз Рамос (129 бозӣ) пеш гузашт. Икер Касиляс (150 бозӣ) ва Раус Гансалес (130 бозӣ) аз Бензема бештар бозӣ гузаронидаанд. 

Ёдовар мешавем, ки Бензема беҳтарин бозигаи вохӯрӣ миёни дастаҳои "Реал" ва "Ливерпул" ҳам дониста шуд.