Бозии рӯз: Тоҷикистон – Тринидад ва Тобаго

Бозии рӯз: Тоҷикистон – Тринидад ва Тобаго

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» бо мунтахаби Тринидад ва Тобаго дар шаҳри Чиангмайи Тайланд майдондорӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai»-и Чиангмай баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (15:30 Душанбе) оғоз мешавад. Шабакаи “Варзиш”  ҷараёни вохӯриро ба таври мустақим намоиш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт омодагиро ба бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» дар шаҳри Чиангмайи Тайланд давоми чанд рӯз омодагӣ дид.  Ҳамчунин ба ҳайати мунтахаб ҳамлагари бошгоҳи «Ислоч»-и Беларус Шаҳром Самиев ва  ҳамлагари дастаи «Левадия»-и Эстония Рустам Соиров шомил шуданд.

 Бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Амадонӣ Камолов ва Меҳрубон Каримов ҳамроҳ бо нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе бо баъзе сабаҳои шахсӣ субҳи имрӯз ба ҳайати тими миллӣ пайвастанд ва имрӯз ба майдон хоҳанд баромад.

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии дигари ниманиҳоӣ дар ҳамин рӯз тимҳои миллии Тайланд ва Малайзия бо ҳам нерӯ месанҷанд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25-уми  сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.