Дар дунё ба Роналду дар Инстаграм танҳо 15 нафар баргашта обуна нашудаанду халос

Дар дунё ба Роналду дар Инстаграм танҳо 15 нафар баргашта обуна нашудаанду халос

Ба ҳамагон маълум аст, ки Криштиану Роналду – дорандаи шумораи рекордии обуначиён дар Инстаграм аст (243 млн.) Худи футболбози португалӣ танҳо 461 саҳифаро пайгирӣ мекунад, ки аз миёни онҳо 424 нафар баргашта ба ӯ обуна шудаанд. Аммо 15 нафар то ҳол ин корро накардаанд. Кистанд ин шахсони густох(густох - дерзкий)?

Стивен Амелл (@stephenamell) – 6,2 млн обуначӣ

Актёр аз Канада, ки пас аз ҳунарнамоӣ дар силсилафилми “Стрела” дар нақши Оливер Куин машҳур гардидааст.


Дастин Порйе (@dustinpoirier) – 1,3 млн обуначӣ

Размовари муҳорибаҳои омехтаи ММА, намояндаи вазни сабук. Сар аз соли 2009 дар дараҷаи касбӣ баромад мекунад. Собиқ чемпиони муваққатии UFC дар вазни сабук. 


Леонардо Ди Каприо (@leonardodicaprio) – 40,9 млн обуначӣ

Яке аз машҳуртарин ҳунарпешаҳои дунё. Лауреати ҷоизаи “Оскар”, секарата лауреати ҷоизаи “Глоубси тилоӣ”, лауреати ҷоизаи BAFTA. 


Кайли Ҷеннер (@kyliejenner) – 163 млн обуначӣ

Модели амрикоӣ, бизнесвумен. Иштирокчии реалити-барномаи “Хонаводаи Кардашян” («Семейство Кардашьян»), асосгузори ширкати Kylie Cosmetics. Дар синни 21-солагияш ҷавонтарин миллиардер дар таърих гардид ва рекорди Марк Сукербергро шикаст.


Ариана Гранде (@arianagrande) – 175 млн обуначӣ

Сарояндаи машҳури амрикоӣ, продюсер.


Кендалл Ҷеннер (@kendalljenner) – 123 млн обуначӣ

Модели амрикоӣ, иштирокчии реалити-барномаи “Хонаводаи Кардашян” («Семейство Кардашян»)


Селена Гомес (@selenagomez) – 168 млн обуначӣ

Сароянда ва ҳунарпешаи амрикоӣ.


Флойд Мейвезер (@floydmayweather) – 23 млн обуначӣ

Муштзани мағлубнашавандаи амрикоӣ дар вазни нимамиёна. Яке ах муваффақтарин варзишнгарони риштаи бокс.


Ҷессика Альба (@jessicaalba) – 17,3 млн обуначӣ

Ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ.


Кара Делевин (@caradelevingne) – 44,3 млн обуначӣ

Модел ва ҳунарпешаи бритониёӣ. Яке аз намояндагони асили соҳаи муд аз рӯи фарзияи Vogue. Дар раддабандии “50 супермоделҳои ҷаҳон”-и портали касбии Models.com зинаи 5-умро ишғол мекунад.


Эмили Ратаковски (@emrata) – 25,5 млн обуначӣ

Модел ва ҳунарпешаи амрикоӣ. Пас аз иштирок дар клипи суруди “Blurred Lines”-и сарояндаи Робин Тик дар соли 2013, машҳурияти хозираро соҳиб гардид.


Ҳолли Ҳолм (@hollyholm) – 2 млн обуначӣ

Чемпиони бисёркаратаи ҷаҳон оид ба бокс ва собиқ чемпиони созмони UFC.


Нэйт Диас (@natediaz209) – 4,3 млн обуначӣ

Размовари созмони UFC. Аввалин шахсе, ки Конор МакГрегорро дар ин созмони бонуфуз мағлуб кардааст. Бе тарс дар машқҳои кушоди худ дар ҳузури рӯзноманигорон маводи нашъаовар истифода мебарад. “Гангстер”-и олами ММА.


Миша Тейт (@mieshatate) – 2 млн обуначӣ

Собиқ чемпиони UFC миёни бонувон. Ҷоизаро пас аз мағлуб кардани Ҳолли Ҳолм соҳиб гардида буд. Ҳоло бошад аз зиндагӣ дар вақти ҳомиладорӣ ҳаловат мебарад.


Сиара (@ciara) – 24,6 млн обуначӣ

Сарояндаи амрикоӣ, муаллифи сурудҳо, продюсер, рақоса, ҳунарпеша, модел.