Фаридун Одилов қаҳрамони ҷадиди GFC

Фаридун Одилов қаҳрамони ҷадиди GFC

Размгари маъруфи кишвар аз дастаи «Ахмат Тоҷикистон» - Фаридун Одилов шоми рӯзи 16-уми октябр набарди навбатии худро дар ташкилоти Gorilla Fighting Championship анҷом дод. Ҳарифи варзишгари тоҷик - Степан Горшечников маҳсуб меёфт ва варзишгари тоҷик баъд аз 5 даври рақобат аз рӯи ҳисоби доварон ғолиб дониста шуда, унвони қаҳрамониро дар ин ташкилот ба даст овард. Фаридун Одилови 27 сола дар корномаи варзишии хеш 9 рақобат анҷом дода, 5 ғалаба, 2 нокомӣ ва ду дидори дигарро бо натиҷаи дуранг ҷамъбаст намудааст.