Фирӯзи палангчангол ва Шерози шердил таърихро бознавис карданд

Фирӯзи палангчангол ва Шерози шердил таърихро бознавис карданд

Аз 29 июл то 4 август пойтахти Булғористон (Болгария) шаҳри София диққати мухлисони гӯштини тарзи озод ва юнону румиро ба худ ҷалб намуд, зеро дар санаҳои мазкур инҷо Чемпионати ҷаҳон байни навҷавонон баргузор гардид. 30 медали тилло 20-и он байни писарон ва 10 байни бонувон ғолибони худро дар варзишҳои гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ интизор буданд. Ҷавонписарон дар вазнҳои 45, 48, 51, 55, 60, 65, 71, 80, 92 ва 110 килло майдондорӣ намуданд, дар ҳоле ки духтарон танҳо дар вазнҳои 40, 43, 46, 49, 53, 57, 61, 65, 69 ва 73 килло рақобат намуданд.

Гарчанде ин ғунчаҳои умедбахши сайёра ҳанӯз наврасанду, эҳтимоли ҷилои ҳунарашон дар бозиҳои тобистонаи олимпии Токио 2020 ғайриимкон аст, умеди зафарашон дар олимпиадаи соли 2024 ба воқеият наздик асту мо баъзе ин номҳоро ҳатман онҷо дубора хоҳем шунид.


Тоҷикистон ва паҳлавонони бонангу номуси он ҳанӯз то кунун дар мусобиқотҳои ҷаҳонии намуди гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ на танҳо миёни наврасон балки ҷавонону калонсолон шаҳди қаҳрамонӣ ва медалро начашида буд. Аммо ду навраси фидоии Ватан, яке Шероз Очилов дар вазни 65 кг ва дигаре Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55 кг ҷаҳони муосирро таккон бахшиданд.


Фирӯз гарчанде дар рақобати аввали худ дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ ноком гардида бошад ҳам, тариқи марҳилаи тасаллобахш роҳро сӯи медали биринҷии таърихии миллати тоҷик пеша карда рақиби полякро дар 1 дақиқаву 27 сония ба хонааш гусел кард. Баҳри дарёфти мақому мартабаи ифтихорӣ ва ҷой дар подиуми муваффақон Фирӯз бар навраси умедбахши мактаби бузургу беҳамтоӣ доғистон варзишгари рус Омар Будаев дастболо шуда, соҳиби аввалин медали биринҷии таърихӣ аз чунин як мусобиқоти ҷаҳон барои миллати тоҷик гардид. Шерози шердили тоҷик бошад, дар мусобиқоти мазкур ҳарифони худ аз Арманистон, Амрикои бузургу Эрони шикастнопазир дастболо гардида, роҳро сӯи финал ва қадами ниҳоии қаҳрамонӣ гузошт. Аммо дар финал бахт омад накарду Шероз аз дасти рақибаш аз Белорусия дучори шикаст гардид.


Новобаста аз оне, ки ин ду навраси тоҷик фатҳи қуллаи олиро ба даст наоварда бошанд ҳам, аммо дастоварди онҳо таърихиву ҷилои майдондориашон аз ҷилои тилло болотар пазируфта хоҳад шуд.