Футбол дар Ӯзбекистон низ бармегардад

Футбол дар Ӯзбекистон низ бармегардад

Бозиҳои чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон аз 5 июн оғоз меёбанд, вале бидуни тамошобинон ба хотири чораҳои зидди паҳншавии COVID-19 баргузор мешаванд.
Қарорри мазкурро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қабул кардааст. Чемпионати футболи Ӯзбекистон рӯзи 16 март, пас аз як рӯзи дарёфти аввалин гирифтори COVID-19 дар ин кишвар, боздошта шуда буд.

"Аз 5 июн иҷозат дода мешавад, ки чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон бидуни тамошобинон идома дода шавад", - омадааст дар шабакаи Телеграммаи Вазорати адлия.