Renault коргаронашро ихтисор кард

Renault коргаронашро ихтисор кард

Ширкати мошинсозии Renault якбора ду изҳорот дод. Тибқи изҳорот ширкати мазкур минбаъд 15 ҳазор кормандашро дар саросари ҷаҳон ихтисор хоҳад кард, аммо дастаро дар Формула-1 нигоҳ медорад.

Тавре, ки Клотилда Делбо - иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкати Renault гуфт - ихтисор шудани ҷойҳои корӣ бо мақсади кам кардани кормандон аз ҳисоби вазифаҳои шахсоне, ки ба нафақа мебароянд, амалӣ мегардад. Ин ба ширкат имконият медиҳад, ки дар се соли оянда 2 миллиард евро сарфа кунад.

“Мо ба таври оммавӣ изҳор доштем ва тасдиқ мекунем, ки ба Формула-1 содиқем. Эълони тағйирот ба танзими молиявии марбут ба маҳдудиятҳои буҷа барои мо хуб аст, бинобар ин мо қарор додем, ки дар Формула-1 монем ” - гуфтааст Делбо. Хотиррасон мекунем, ки бо сабаби хуруҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон ҳамаи мусобиқаҳои имсолаи Формула-1 лағв гардиданд.