Гвардиола бо “Манчестер Сити” тамдиди шартнома кард

Гвардиола бо “Манчестер Сити” тамдиди шартнома кард

Бошгоҳи “Манчестер Сити” бо сармураббии испании даста  Хосеп Гвардиола  тамдиди шартнома кард.

Созишномаи нав то соли 2025 баста шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ хабар додааст. Қобили зикр аст, ки шартномаи феълии  Гвардиола то охири ҳамин мавсим амал мекард.

Мутахассиси испанӣ соли  2016 сарварии бошгоҳро ба  ӯҳда гирифта буд. То ин муддат Гвардиола бо даста  11 ҷоиза ба даст овардааст.

Ёдовар  мешавем, ки қаблан Гвардиола сармураббии бошгоҳҳои “Барселона” ва “Бавария”  буд.