Ҷигарбанди Марадона бо падараш падруд гуфт

Ҷигарбанди Марадона бо падараш падруд гуфт

Диего Марадонаи хурдӣ, ки дар маросими дафни падараш бо сабаби вазъи саломатӣ ҳузур надошт, дар саҳифаи инстаграмаш бо падараш видоъ гуфт.

«Падарҷонам Шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед, ки ман дар канори шумо чӣ андоза хушбахт будам. Ҳангоми наздик буданатон худро шикастнопазир эҳсос мекардам. Шумо намедонед, ки чӣ гуна ман оғӯши гарми шуморо пазмон хоҳам шуд, чӣ гуна он замонҳоеро, ки мо якҷоя нишаста бозии дастаи “Наполи”-и маҳбубамонро тамошо мекардем, ёд хоҳам кард. Фарзандони ман? Чӣ гуна онҳо бе чунин бобои меҳрубон зиндагӣ мекунанд? Ман қавл медиҳам, ки онҳо абадан шуморо ёд мекунанд ва бо ифтихор дар бораи бобояшон ҳарф мезананд!

Падар, сарвони қалби ман, шумо ҳеҷ гоҳ намемиред, зеро ман шуморо то нафаси охирин дӯст медорам. Маро мунтазир шав, замоне ки вақтам мерасад, туро меёбам, зеро ҳамеша мехостам дар паҳлӯи ту бошам. Зеро писар дар паҳлӯи падараш аз ҳеҷ чиз наметарсад. Роҳи сафед , "даҳ" -и қалби ман. Ман туро дӯст медорам », - навиштааст писари Марадона дар Instagram.