Ҷоми футзали Осиё: Эрон қаҳрамон, Ӯзбекистон биринҷӣ дорад. Натиҷаҳои мусобиқа ва баррасии онҳо

Ҷоми футзали Осиё: Эрон қаҳрамон, Ӯзбекистон биринҷӣ дорад. Натиҷаҳои мусобиқа ва баррасии онҳо

Рӯзи 28-уми  апрел дар Тайланд Ҷоми футзали Осиё-2024 ба анҷом расид. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқот баргузор шуда, дар пайи он қаҳрамон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ, инчунин тими панҷум, ки ҳуқуқи намояндагии Осиёро дар Ҷоми ҷаҳонии футзалро дарёфт кардаанд, муайян шуданд.

Эрон қаҳрамони сездаҳкаратаи Осиё аст!

 Дар бозии ҳалкунанда барои медалҳои тилло мизбони Ҷоми Осиё, тими миллии Тайланд ва қаҳрамони 12-каратаи қораи Осиё, тими миллии Эрон бо ҳам вохӯрданд.

Бояд гуфт, ки дар даври ниманиҳоӣ тимҳои Тайланд ва Эрон рақибони худ - Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро мутаносибан танҳо дар силсилаи пеналтӣ шикаст доданд.

Аллакай дар дақиқаи ҳаштуми бозии ниҳоӣ Эрон бо ҳисоби 2:0 пешқадам буд ва ба назар чунин менамуд, ки онҳо ба мушкили хосе дучор нахоҳанд шуд. Аммо ба тайландиҳо  муяссар шуд, ки фосилаи ҳисобро кам кунанд ва як қадар интригаро ба вуҷуд оранд. Лек  дере нагузашта  Эрон ду голи дигар зада, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд ва сездаҳ карат қаҳрамони Осиё шуд! Тайланд дар мусобиқаи хонагӣ медалҳои нуқра ба даст овард.

Ӯзбекистон  дар зарбаҳои пеналтӣ биринҷӣ мегирад!

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷии Ҷоми Осиё Ӯзбекистон бо Тоҷикистон бозӣ кард. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии “Бангкок Арена” барои ҳарду даста душвор паси сар шуд.  Дар вақти асосӣ ва изофӣ рақибон ғолибро муайян накарданд (5:5) ва дар зарбаҳои пеналтӣ футзалбозони Ӯзбекистон муваффақтар шуданд – 3:1.

Афғонистон ва Тоҷикистон таърих сохтанд ва ба Ҷоми Ҷаҳон мераванд

Тими миллии Тоҷикистон бо дебютанти мусобиқа Афғонистон дар сарзамини Тайланд таърих сохта, роҳхати Ҷоми Ҷаҳонии футзалро дар Ӯзбекистон ба даст оварданд. Футзалбозони тоҷик барои аввалин бор ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё дар таърих роҳ ёфта, инчунин барои аввалин бор дар таърих  роҳхати иштирок дар Ҷоми Ҷаҳонии футзалро соҳиб шуданд.  Афғонистон  ягона дастаи дебютанти Ҷоми Осиё дар Тайланд буд. Онҳо дар 17-умин қаҳрамонии Осиёи футзал ҳангома офариданд ва дар рақобати финалии  плей-офф бар Қирғизистон зафар ёфта, роҳхати Ҷоми Ҷаҳонии футзалро дар соли 2024 соҳиб шуданд.

Ҷоми Осиё оид ба футзал

Финал, 28 апрел:

Тайланд 1:4  Эрон

Бозӣ барои ҷои 3-юм , 28 апрел:

Тоҷикистон  5:5 Ӯзбекистон  (аз рӯи  пеналти - 1:3)

 Бозӣ барои роҳхати Ҷоми Ҷаҳон 2024,  28 апрел:

Афғонистон  5:3 Қирғизистон

 Нимниҳоӣ, 26 апрел:

Тайланд  3:3 Тоҷикистон  (аз рӯи пеналти - 6:5)

Ӯзбекистан 3:3 Эрон  (аз рӯи пеналти - 4:5)

 Чаҳорякниҳоӣ, 24 апрел:

Тоҷикистон  2:1 Афғонистон  (вақти иловагӣ)

Эрон  6:1 Қирғизистон

Тайланд  3:2 Ироқ

Ӯзбекистан   2:1 Ветнам

Ҷоми футзали Осиё аз 17 –ум то 28-уми  апрели соли 2024 дар Тайланд баргузор шуд. Дар ин мусобиқот ҳамагӣ 16 даста ширкат дошт, ки дар оғози мусобиқот соҳиби ҷоми кунунӣ - тими Ҷопон пас аз даври гурӯҳӣ аз унвони қаҳрамонӣ даст кашид. Ҷопониҳо аз гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ ёфта натавонистанд.

Дар Ҷоми Ҷаҳонии футзал кадом дастаҳо бозӣ   мекунанд?

  Пас аз анҷоми Ҷоми Осиё ҳамаи 24 дастае, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2024, ки аз 14 –уми сентябр то 6 –уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, маълум шуданд.

Қуръакашии Ҷоми ҷаҳонии футзал  26 –уми май дар Самарқанд дар майдони Регистон баргузор мешавад. Қаҳрамони кунунии ҷаҳон тими миллии  Португалия мебошад, ки соли 2021 унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд.  Бразилия  серҷоизатарин дастаи футзали ҷаҳон аст. Онҳо 5 маротиба унвони қаҳрамониро соҳиб шудаанд.

Сабади 1: Ӯзбекистан, Бразилия, Испания, Аргентина, Португалия, Эрон.

Сабади 2: Қазоқистон, Парагвай, Украина, Марокаш, Тайланд, Панама.

Сабади 3: Коста-Рика, Гватемала, Венесуэла, Зеландияи Нав, Куба, Либия.

Сабади 4: Афғонистон, Ангола, Хорватия, Фаронса, Нидерланд, Тоҷикистон.