«Истиқлол» боз ҷоизаашро дифоъ кард

«Истиқлол» боз ҷоизаашро дифоъ кард

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе се давр то хотима чемпионат ба таври расмӣ унвони қаҳрамониро дар Чемпионати Тоҷикистон ба даст овард. Душанбегиҳо дар даври 16-уми Лигаи олӣ дар сафар бо тими “Хатлон” неру санҷиданд. Вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. “Истиқол” бо шарофати ин мусовӣ маротибаи 9-ум дар тули таърихи хеш барандаи медали тиллои чемпионати кишвар гардид. Ёдовар мешавем, ки даста қаблан дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 медали тиллои Лигаи олии кишваро ба хазинаи дастовардҳояш шомил намуда буд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Хатлон» - «Истиқлол» - 1:1

Голҳо: Рустам Соиров, 45+2 (0:1). Кароматулло Саидов 47 пеналти (1:1).