Кингсли Коман то соли 2027 дар «Бавария» мемонад

Кингсли Коман то соли 2027 дар «Бавария» мемонад

Кингсли Коман расман шартномаи навини мӯҳлати корияш то тобистони 2027 бо "Бавария" навишта карда, бо ҳамин ояндаи худро бо тими мюнхенӣ сарбаста кард.

Бозингари фаронсавӣ ба сафи “Бавария” ҳанӯз тобистони соли 2015 тариқи иҷора аз “Ювентус” гузариш намуда, сипас бо ҳаққи харидории 25 миллион евро бозингари комилҳуқуқи ҷониби тими мюнхенӣ гардида буд ва то ба ҳол дар “Бавария” ҳунарозмоӣ дорад.

Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоягар соҳибомори панҷ голу ду пас головар дар 17 бозиҳои «Бавария» мебошад.