Комёбии “Реал” бар “Севиля” дастпарварони Зиданро садрнишини ҷадвал намуд

Комёбии “Реал” бар “Севиля” дастпарварони Зиданро садрнишини ҷадвал намуд

Бозии марказии рӯз ва ҳатто давр дар Ла Лигаи Испания ин бе шубҳа майдондории дастпарварони Зинедин Зидан ва “Севиля” ба ҳисоб мерафт. Рақобати мазкур бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи соҳибони майдони “Сантяго Бернабеу” анҷомид. Қаҳрамони дидор Карлос Каземиро гардид, ки бо ду голи задааш ғалабаи муҳими дастаашро таъмин намуд. Дар ҳайати меҳмонон ягона голро Люк де Йонг мансуби номи худ гардонид.
Ҳамин тавр силсилабозиҳои бебохти дастпарварони Зидани дастон то ба 11 бозӣ расида, айнан онҳо садрнишини ҷадвали мусобиқот гардиданд. “Реал” дар мақоми аввал соҳиби 43 имтиёз ва “Севиля” бошад бо касби 35 имтиёз дар мақоми 4-ум ҷойгир мебошад.