Левандовскии рекордгузор

Левандовскии рекордгузор

Бошгоҳи «Бавария» дар бозии даври 5-уми чемпионати Олмон бар тими «Айнтрахт» бо натиҷаи калони 5:0 ғалаба кард. Дар ин вохӯрӣ ҳамлагари мюнхении даста Роберт Левандовски муаллифи хет-трик шуд. Ҳамин тавр полшагӣ дар панҷ вохӯрии оғози мавсими нави Бундеслига ба задани 10 гол даст ёфт ва муаллифи рекорди нав гардид. Дастоварди мазкур қаблан ба собиқ футболбози “Боруссия”-и М Петер Мейер рабт дошт, ки номбурда дар панҷ бозии оғози мавсими -1967/68 ба задани 9 тӯб даст ёфта буд. Ёдовар мешавем, ки мавсими гузаштаи худи Роберт ин натиҷаро такрор намуда буд.

Дар ҳоли ҳозир “Бавария” бо касби 12 имтиёз дар ҷои дуюми ҷадвал қарор дорад.