“Ливерпул” ғалаба кард ва тақдири қаҳрамони дар ПЛА-ро то ба даври охир бурд

“Ливерпул” ғалаба кард ва тақдири қаҳрамони дар ПЛА-ро то ба даври охир бурд

Дар доираи бозиҳои даври 37-уми ПЛА дар мавсими 2021/22 “Саутгемптон” дар майдони худ “Ливерпул”-ро қабул кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сент-Мэри” дар Саутгемптон баргузор шуда, бо пирӯзии меҳмонон (1:2) анҷом ёфт .



Дар дақиқаи 13-уми бозӣ ниммуҳофизатгари “Саутгемптон” Нейтан Редмонд ҳисоби бозиро боз кард. Дар дақиқаи 27-уми бозӣ Такуми Минамино натиҷаро баробар кард. Ирсоли головарро ба ҳамлагари ҷавони ҷопонӣ Диегу Жота таъмин намуд.  “Мерсисайдҳо” дар дақиқаи 67-уми бозӣ бо голи ба самар расонидаи дифоъгари даста Ҷоэл Матип ҳисобро 2 бар 1 карданд ва 3 имтиёзи чун боду ҳаво лозимаро соҳиб шуданд. Шогирдони Клопп пас аз ғалаба шумораи имтиёзҳояшонро ба 89 адад  расониданд ва тафовути имтиёзҳоро бо садрнишини ҷадвали мусобиқа тими “Манчестер сити” ба 1 имтиёз  бурданд. Дастпарварони Гвардиола 90 имтиёз дар ҳисоби хеш доранд ва тақдири қаҳрамони дар даври охир ҳал хоҳад шуд.