“Тампа” дар бозии аввал “Флорида”-ро мағлуб кард

“Тампа” дар бозии аввал  “Флорида”-ро мағлуб кард

Дастаи  «Тампа» дар бозии аввал «Флорида»-ро шикаст дод. Ҳама  ба шарофати нобиғаҳои  ин тим Андерей Василевский ва Никита Кучеров ба даст омад.

Дар нимаи аввали вохӯрӣ “Тампа Бэй” на он қадар хуб майдондорӣ кард. “Флорида”  аз як имкони фароҳам шуда, ҳисобро боз кард.

Меҳмонон муддати тӯлонӣ дар назди дарвозаи Сергей Бобровский вазъиятҳои хатарнок эҷод карда наметавонистанд, аммо Кучеров ҳама чизро тағйир дод.  Дар як ҳамлаи зуд  ӯ Аарон Экбладаро бо як ҳаракат гузашт ва гӯйро ба дарвоза равона кард.

Пас аз ин гол “Тампа” тамоман бозии дигар нишон дод. Онҳо боз 2 голи дигар ба самар расониданд ва натиҷаро 1 бар 4 карданд.

Лигаи миллии хоккей

Ҷоми Стэнли. Даври 2-юм

“Флорида” 1:4 “Тампа Бэй” (1:0, 0:1, 0:3)

Голҳо: Дюклер 15 (дақ), Перри 37 (дақ), Беллмар 43 (дақ), Кучеров 56 (дақ) ва Колтон  58 (дақ)