Макгрегор аз рақобат бо Серроне чӣ қадар маблағ ба даст меорад?

Макгрегор аз рақобат бо Серроне чӣ қадар маблағ ба даст меорад?

Ҷоизапулии Конор Макгрегор ва Доналд Серроне дар рақобати асосии мусобиқаи UFC 246 маълум гардид. Тибқи маълумоти нашрияи “Essentially Sports” размовари ирландӣ аз ин рақобат 5 миллион доллар ба даст меорад. Рақиби ӯ Серроне бошад, соҳиби 2 миллион доллар мешавад. Барои Серроне ин ҷоизапулии калонтарин дар корномааш мебошад. Конор низ назар ба ҷоизапулии рақобати гузаштааш бештар ба даст меорад. Барои рақобат бо Ҳабиб Нурмагомедов размовари ирландӣ 3 миллион доллар кор карда буд.

Хотиррасон мекунем, ки рақобати Макгрегор ва Серроне 19-уми январ дар Лас-Вегас баргузор мешавад.