Маоши ҳангуфти Роналду дар “Ал-Наср” аз кадом буҷа партохт мешавад?

Ҳамлагари бошгоҳи “Ал-Наср” - Криштиану Роналду ҳамагӣ 10% маошашро мустақиман аз даста мегирад. Дар ин бора The Athletic хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, форвард боқимондаи маошро аз буҷаи Арабистони Саудӣ мегирад. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, маоши тахминии Роналду дар «Ал-Наср» тақрибан 217 миллион евроро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки португалӣ бори аввал дар тими “Ал-Наср” дар вохӯрии қаҳрамонии Арабистони Саудӣ бо “Ал-Иттифоқ” баромад кард. Дастаи Роналду он ҷо бо ҳисоби минималии 0 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард. Голро ҳамдастаи бразилии Роналду – Талиска ба самар расонид. Дар бозӣ бо «Ал-Иттиҳод» дар Суперҷоми Арабистони Саудӣ тими «Ал-Наср» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар ду вохӯрӣ Роналду натавонист аз худ дарак бидиҳад.