Милак ҳам рекорд гузошт ҳам медали тилло ба даст овард

Милак ҳам рекорд гузошт ҳам медали тилло ба даст овард

Қаҳрамони ҷаҳон шиновари шинохтаи маҷористонӣ - Криштоф Милак дар масофаи 200м дар навъи шинои парвонаӣ ҳунари воло нишон дода, соҳиби медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио 2020 гардид. Кристоф Миллак масофаи муқаррашударо бо нишондоди рекорди олимпӣ 1:51.25 сония паси сар намуд. Хотиррасон мекунем, ки рекорди ҷаҳониро низ ӯ ба номи худ муҳр задааст. Медали нуқраро варзишгари ҷопонӣ Хонда Томору ва нишони биринҷиро Бурдиссо Федерико аз Италия ба даст овардаанд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020

Шиноварӣ, мардҳо, 200м баттерфляй

Криштоф Милак (Маҷористон), 1:51.25 - рекорди олимпӣ

Хонда Томору (Ҷопон), 1:53.73

Бурдиссо Федерико (Италия), 1:54.45