Мунира Абдусаломова ба Бозиҳои Олимпии Париж 2024 роҳхат гирифт

Мунира Абдусаломова  ба  Бозиҳои Олимпии Париж 2024 роҳхат гирифт

15-16-уми март дар шаҳри Тайвани Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо WT  дар қораи Осиё доир гардид.

Таеквондочии мо Мунира Абдусаломова (+67 кг) роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро ба даст овард.

Мунира дар рӯзи дуюми мусобиқаи интихобӣ дар Чин аз худ дарак дода, муқобили намояндагони АМА ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва роҳхати олимпӣ гирифт.

Ин чорум роҳхати олимпии варзишгарони мо мебошад. Қаблан Миҷгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов дар намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпиро гирифта буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа таеквондочиёни мо Маҳмадҷон  Суннатов зери вазни то 68 кг ва Моҳру Ҳалимова зери вазни то 67 кг дар даври аввали мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё, дар даври аввал мағлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монда буданд.

Қобили зикр аст, ки Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон ҳайати Тоҷикистонро иборат аз 3 варзишгар – Маҳмадҷон  Суннатов (-68кг), Моҳру Ҳалимова (-67кг) , Мунира Абдусаломова (+67кг) ва Мунира Абдусаломова (+67кг) – ро ба Чин сафарбар намуда буд.

Варзишгарон дар ҳашт вазн – 4 вазн миёни мардҳо, 4 вазн миёни бонувон – барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош карданд. Тибқи низомнома дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат дода шуд. Яъне варзишгароне, ки ба финал мебароянд, имкони ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд.