Нокомии гӯштингирони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи интихобӣ дар Бишкек

Нокомии гӯштингирони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи интихобӣ дар Бишкек

Пас аз Чемпионати гӯштини Осиё, ки аз 11-ум то 16-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир гардид, ҳамакнун рӯзҳои 19-ум ва 21-уми апрел дар ҳамон ҷо мусобиқаи интихобии олимпӣ барои қораи Осиё барпо мегардад.

Имрӯз дар рӯзи якуми мусобиқа аз гӯштини тарзи озод кишвари моро се паҳлавон Айаал Белолюбский, Магомет Евлоев ва Абдулмаҷид Кудиев намояндагӣ карданд.

Гӯштингирӣ мо Магомет Евлоев дар вазни то 74 кг дар даври аввали мусобиқаи интихобӣ аз паҳвалони ӯзбек Бекзод Абдураҳмонов бо ҳисоби 4 бар 10 шикаст хӯрд!

Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг) дар мусобиқаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ дар даври аввал аз намояндаи Ҷопон - Котаро Киюка бо ҳисоби 7:10 мағлуб шуд. Паҳлавони дигари мо Айаал Белолюбский (-57 кг) дар даври аввал аз Аҳмад Масъуд Моҳаммаднежадҷавони эронӣ ноком шуд.

Ҳамин тавр, барои гӯштингирони тоҷик аз намуди тарзи озод мусобиқаи интихобии Олимпӣ бидуни натиҷа анҷом ёфт. Ҳар се паҳлавони мо Кудиев, Евлоев ва Айаал Белолюбский дар даври аввал мағлуб шуданд ва бидуни роҳхати олимпӣ монданд.

Ёдовар мешавем, ки барои 36 роҳхати олимпӣ 209 варзишгари кишварҳои қора зӯр меозмоянд.

Ҳоло аз Тоҷикистон аз риштаи гӯштини тарзи озод Ватансултон Шакаршоева (-50 кг) ва гӯштини юнону румӣ Асламҷон Азизов (-60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг), Суҳроб Абдулҳаев (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97 кг), Эдуард Бабоношев (-130 кг дар рӯзҳои баъдӣ баромад мекунанд.

Дар намуди гӯштӣ паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори медали нуқра гаштааст.