Ғолиби Ҷоми ҲХДТ муайян шуд

Ғолиби Ҷоми ҲХДТ муайян шуд

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон (ТҶҶ) «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои касбии шаҳр барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол сурат гирифт. Дар натиҷаи бозӣ дастаи яккачини Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҷои якумро ишғол намуда, сазовори Ҷом ва сипоснамаю туҳфаҳои Кумитаи иҷроия гардид. Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ба мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ миёни донишҷӯён, ҷавонону наврасон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.