Ҷоми Тоҷикистон-2020 оғоз мешавад

Ҷоми Тоҷикистон-2020 оғоз мешавад

Имрӯз, 1-уми август бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оғоз мешаванд. Дастаи «Душанбе-83» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат тими «Регар-ТадАЗ»-ро пешвоз мегирад. Тими «Файзканд» дар шаҳри Кӯлоб бо дастаи «Хатлон» рӯ ба рӯ мешавад. Дастаи «Хуҷанд» бошад, дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” бо бошгоҳи “Куктош” майдондорӣ мекунад. Оғози ҳамаи вохӯриҳо соати 16:45 ба нақша гирифта шудааст.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври 1/8 ниҳоӣ

1 август (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:45

«Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

Довар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

«Файзканд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар)

Довар: Сайёҷон Зайниддинов (Душанбе).

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Куктош» (Рӯдакӣ)

Довар: Насим Ҳамидов (Душанбе).