Поччетино нахустин ҷоизаи худро соҳиб шуд

Поччетино нахустин ҷоизаи худро соҳиб шуд

Дар Фаронса анъанаи барпо кардани бозӣ барои дарёфти Суперҷоми кишварро, ки тӯли даҳсолаи охир берун аз хоки он доир мегашт бемории дунёгири COVID-19 вайрон кард. Имсол барои соҳиб шудани Ҷоми олӣ “ПСЖ” ба ҳайси ғолиби Лигаи 1-ум ва Ҷом бо “Марсел” чун дастаи дуюми беҳтарин дар чемпионат талош карданд. Рақобат миёни дастаҳои марказ ва ҷануб, ки Классикои футболи Фаронса аст, ин дафъа дар шимол дар варзишгоҳи “Феликс Болар” дар шаҳри Ланс сурат гирфт ва бо ҳисоби 2:1 ҷамъбаст шуд.
Дар таърихи баргузории Шоҳҷоми Фаронса, ки аз соли 1949 сарчашма мегирад дастаҳои мазкур танҳо бори дуюм бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. 10 сол пеш аз ин “Марсел” дар силсилазарбаҳои пеналти бар “шоҳзодаҳои Париж” пирӯз шуда буд, аммо дар ин байн моликони дастаи пойтахт иваз шуд ва онҳо дар пайи ҳукумронии мутлақ дар Фаронсаанд. Дар ин муддат даста аз ҳисоби пирӯзиҳо дар ҳама мусобиқоти дохилӣ аз ҳарифи азалии худ пеш гузашт. “Ҷанубиҳо" дар ин байн танҳо 1 пирӯзӣ бар “ПСЖ” доштанд, ки он моҳи сентябри соли 2020 ба қайд гирифта шуд. Пеш аз бозӣ маҳз ҳамин омил то ҷое мухлсиони “Марсел”-ро ором мекард, лекин бо дарназардошти натиҷаҳои охири дастаи пойтахт он аз як тасодуфе беш набуд. ПСЖ мисли 7 соли гузашта боз дар финал ва боз мудаии асосӣ баҳри пирӯзӣ эътироф мешуд. Ин бозӣ инчунин барои сармураббии нави онҳо Маурисио Поччетино аз он ҷиҳат муҳим буд, ки ҳарчанд ӯро яке аз мураббиёни беҳтарини футболи муосир эътироф мекунанд, аммо то кунун ӯ соҳиби ягон ҷоиза нашудааст. Аз омаданаш ба даста 1 моҳ сипарӣ нашуда аргентинӣ имкон пайдо кард то соҳиби аввалин ҷоиза дар собиқаи мураббигиаш шавад. 
Қисми якуми майдондорӣ бо бартарии мизбонон сурат гирифт ва Мауро Икарди тавонист дар дақиқаи 39-ум ҳамдастаҳояшро ба пеш барорад. Ҳарчанд провансалиҳо барои баробар кардани ҳисоб дар қисми дуюм талоши зиёд карданд, вале дар дақиқаи 85-ум голи дуюмро ба тӯри дарвозаи худ сар доданд. Неймар, ки беш аз 1 моҳ дар майдон набуд аз зарбаи 11-матра бе иштибоҳ гол зад. “Марсел” дар зудтарин фурсат ҷавоб гардонд. Голи шармшикани “ҷанубиҳо”-ро Дмитрий Пайет муаллифӣ кард. Дигар то анҷоми рақобат имконияти голзанӣ барои ҳар ду даста пайдо нашуд ва бозӣ бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Ба ҳамин тартиб Поччетино соҳиби нахустин ҷоиза дар фаъолияти мураббигаш гашту "ПСЖ" бори 10-ум қаҳрамони Суперҷоми Фаронса шуд.