Рақиби мунтахаби наврасони мо дар финали "Ҷоми Рушд" маълум шуд

Рақиби мунтахаби наврасони мо дар финали "Ҷоми Рушд" маълум шуд

Тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии бозиҳои гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”, ки дар Мински Беларус ҷараён дорад, бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ба финал баромад. Дар бозии финалӣ тими наврасони мо бо ғолиби гурӯҳи "А" - дастаи наврасони Беларус рақобат мекунад. Ин дидор 25-уми январ, соати 18:45 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.


изображение_viber_2020-01-23_23-39-07.jpg