Рақиби навбатии Ислом Махачев муайян шуд

Рақиби навбатии Ислом Махачев муайян шуд

Размовари рус дар риштаи ММА Ислом Махачев дар доираи рақобатҳои UFC 249 бо намояндаи кишвари Амрико - Грегор Гиллеспи рӯ ба рӯ шавад. Мусобиқаи UFC 249 санаи 19-уми апрел доир мешавад. Рақобати марказии ин дидор разми варзишгарон Ҳабиб Нурмагомедов ва Тони Фергюсон ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки размовари 28 солаи рус 18 дидор баргузор нумуда, танҳо дар як рақобат дучори шикаст шудааст.