Рақибони боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ маълум шуданд

Рақибони боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ маълум шуданд

Санаи 22-юми июл, ҳамчунин маросими қуръакашии мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд. Дар натиҷаи он ҳарифони варзишгарони мо муайян шуданд. 25 июл ду варзишгари мо дар даври 1/16 ниҳоӣ муҳориба мекунанд – Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо Даксианг Чен аз Чин. Қувваозмоии онҳо тақрибан соати 9:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Сиёвуш Зуҳуров бошад, 29 июл дар вазни +91кг қувваозмоиро аз даври 1/8-финал шуруъ менамояд. Ҳарифаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад. Қувваозмоии ӯ тақрибан соати 8:40 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар мусобиқаи бокс, ки аз 24 июл то 8 август аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардҳо, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 289 варзишгар (187 мард, 102 зан) аз 80 давлат, инчунин дастаи гурезаҳо ширкат мекунанд.