Расман: Садио Мане бозигари “Бавария” шуд!

Расман: Садио Мане бозигари “Бавария” шуд!

Садио Мане расман бозигари ҷадиди бошгоҳи “Бавария” шуд. Шартнома миёни футболблоз ва бошгоҳи шаҳри Мюнхен то соли 2025 баста шуд. Гуфта мешавад, ки Мане ҷойгузини Левандовски дар ҳайати “мюнхениҳо” маҳсуб мешавад.

Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст. Дирӯз, футболбози 30-солаи сенегалии аз ташхиси тиббӣ бо муваффақият гузашта буд.

Мане соли 2016 бо арзиши 41,2 миллион евро аз "Саутгемптон" ба "Ливерпул" гузашт. Аз он вақт инҷониб ҳамлагари сенегалӣ дар 269 бозӣ 120 гол ва 48 ассист кардааст.

Ҳамчунин бошгоҳи “Ливерпул” дар сомонаи расмиаш барои Мане ташаккур гуфта, хайру хуш кардааст. Мане дар ҳайати “Ливерпул” ба гирифтани як қатор ҷоизҳои бонуфузи футболи даст ёфтааст.