Расман:Тияго Алкантара футболбози "Ливерпул"

Расман:Тияго Алкантара футболбози "Ливерпул"

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи "Бавария" – Тияго Алкантара ба дастаи "Ливерпул" пайваст. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи "Ливерпул" расман иттилоъ дод. Хабар дода мешавад, ки маблағи гузариши футболбози 29-сола 20 миллион фунт ва   5 миллиони дигар иловапулиро ташкил медиҳад. Шартномаи ҳамкорӣ то соли 2024 баста шудааст. Дар мавсими 2019/20, Тиаго дар ҳайати "Бавария" дар Бундеслига 24 бозӣ гузаронида, 3 гол ба самар расонидааст.