Равнақи риштаи бадминтон дар Тоҷикистон

Равнақи риштаи бадминтон дар Тоҷикистон

Бадминтон низ мисли ҳама намуди варзиш тарғибгари тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад. Дастрасӣ, осон будани бозӣ ва қоидаҳои оддии ин варзиш имкон медиҳанд, ки ҳатто наврасон дар бадминтон ба натиҷаҳои баланд ноил шаванд.

Бадминтон як бозии хеле ҷолиб ва шавқовар аст, ки дар он варзишгар бояд бисёр ҳаракат кунад. Бадминтонро варзиши демократӣ меноманд. Чунки ба ин намуди варзиш дар ҳама синну сол машқ кардан мумкин аст. Албатта варзишгар шояд натавонад дар замони наврасӣ дар варзиши касбӣ муваффақияти ҷиддӣ ба даст орад, аммо метавонад сатҳи бозиашро ба таври назаррас баланд бардорад, зеро азхудкунии унсурҳои техникӣ барои ҳама дастрас хоҳанд буд.

Бадминтон яке аз бозиҳои маъмултарин ва як варзиши хеле паймониест, ки барои харидани таҷҳизоти бозӣ хароҷоти калони молиявиро талаб намекунад. Майдони бозӣ метавонад дар ҳама гуна, ҳатто хурдтарин толор, ҳавлӣ ё боғ муҷаҳҳаз карда шавад. Бозӣ бо соддагии худ ҳамаро ба ҳайрат меорад.

5 июли соли 1934 Федератсияи байналмилалии бадминтон (IBF) таъсис ёфт. Ҳоло дар ин федератсия зиёда аз 70 кишвар ворид гаштаанд. Федератсияи мазкур мусобиқаҳои гуногуни зиёд ташкил мекунад, ки асосиаш Ҷоми Томас (ба номи президенти пешини IBF) мебошад. Он аз соли 1948 инҷониб дар байни дастаҳои мардонаи миллй гузаронда мешавад. Солҳои охир дар ҷаҳон варзишгарони Чин, Корея, Дания, Индонезия аз ҳама пурқувваттарин бозигарон ба ҳисоб мераванд.

Дар Тоҷикистони азиз низ 10 сол мешавад, ки ин намуди зебои варзиш дар ҳолати рушду нумуи беканори худ аст. Федератсияи Ҷумҳуриявии Бадминтони Тоҷикистон бо доштани стратегия ва сиёсати хуби дар пеш монда тавонистааст, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат риштаи варзиши бадминтонро рушд диҳад. Ҳар сол барои савияи дониши доваронро баланд бардоштан аз давлатҳои хориҷа ба хусус Малайзия доварони ботаҷриба омада дарс мегӯянд ва дар намуди амалӣ низ бозиҳо мегузаронанд. Дар ҷумҳурӣ айни ҳол зиёда 1100 нафар варзишгарони доимиамалкунандаи ин намуди варзиш ба машғулиятҳои гуногун кор мегиранд. Варзишгарони ҷавони мо дар мусобиқаҳои берун аз мамлакат масалан, дар Санк-Петербург ва Сеул иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷоёҳои намоён ва аз ҳама муҳим соҳиби таҷрибаи байналмиллалӣ гаштанд.

Ҳамин гуна, ҳар сол бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Ҷумҳуриявии Бадминтон дар минтақаҳои гуногуни кишвар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ доир мегардад, ки ба он варзишгарони зиёде ҷалб карда мешаванд. Бахшида ба Рӯзи Президент ва Парчами давлатӣ дар варзишгоҳи барҳавои марказии ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳурияӣ оид ба бадминтон гузаронида шуд. Дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ зиёда аз 100 варзишгар, ки 50 нафари онро духтарон ташкил медоданд, аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин мусобиқа варзишгарони 14-15 сола ва 16-17 сола ва аз 18 сола боло иштирок намуданд. Мусобиқа аз рӯи чанд намуд рақобатҳои инфиродӣ байни писарон ва духтарон, рақобатҳои ҷуфтӣ байни писарон ва духтарон, рақобатҳои омехта ва даставӣ роҳандозӣ гардид.

Бо гирифтани шумораи зиёди мақомҳои нахусти мусобиқа бошад варзишгарони вилояти Хатлон мақоми аввалро соҳиб шуданд. Дар зинаи дуюм варзишгарони вилояти Суғд қарор гирифтанд. Варзишгарони НТМ ба гирифтани мақоми сеюм даст ёфтанд. Дар интиҳо дар фазои тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва Федератсияи бадминтон маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид.