Роналду ба Тоҷикистон намеояд...
Пагоҳ, 5-уми декабр бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз баргузор мегардад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 оғоз мешавад.
Ҳамлагари португалии тими “Ал-Наср” – Криштиану Роналду барои ин вохӯрӣ бо ҳайати дастаи шаҳри Риёз ба Душанбе парвоз накард ва дар ин бозӣ ширкат намеварзад.
Пас аз ҷароҳате, ки Роналду муқобили «Персеполис» -и шаҳри Теҳрон гирифт ҳоло пурра саломатиашро барқарор накардааст ва ба ин нигоҳ накарда дар дербии шаҳри Риёз ба майдон баромад.
Бинобар ин сабаб Роналдуро роҳбарияти тим истироҳат додаанд ва дар бозӣ муқобили «Истиқлол» - Криш ба Душанбе намеояд. Ситораҳои дигари тим Садио Мане, Эмерик Ляпорт, Отавио, Андерсон Талиска ва дигар бозигарон ба Душанбе парвоз карданд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” ба майдон мебароянд.
Ҳамин тавр, бо наомадани Роналду орзуи мухлисони зиёди футболи тоҷик, ки хостгори аз наздик дидани бозии ӯро доштанд, ҷомаи амал напӯшид.