Роналду “Ювентус”-ро дар дақиқаи 91-ум аз бохт наҷот дод

Роналду “Ювентус”-ро дар дақиқаи 91-ум аз бохт наҷот дод

Бозии даври нимниҳоии Ҷоми Италия бо иштироки “Милан” ва “Ювентус” дар “Сан-Сиро” бо иштироки 72738 нафар мухлисон барпо шуд. Иштироки ин миқдор мухлисон дар ин марҳилаи мусобиқа бори аввал ба қайд гирифта шуд.

Бозӣ аз аввал то ба охир бо бартарии мизбонон пушти сар шуд. Онҳо ҷониби дарвозаи Ҷ.Буффон 21 зарба заданд, ки 11-тоаш росту бехато буд. Ҳисоби бозиро Анте Ребич дар дақиқаи 61-ум кушод. Бо гузора шудани 10 дақиқа “россонери” як нафар кам монданд. Тео Эрнандес бо сабаби корти дуюми зард гирифтанаш майдонро тарк кард.

Ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду дар дақиқаҳои охири вақти асосӣ пеналтӣ кор кард ва онро бе хато ба дарвозаи Ҷанлуиҷи Доннарума ҷо карда, ҳисобро баробар намуд. Бозии ҷавобӣ байни ин дастаҳо рӯзи 4-уми март дар Турин баргузор мешавад.