Шаҳбоз Саидабуроров имкони ба даст овардани нишони биринҷии ЧО оид ба ҷудо миёни калонсолонро дорад, агар...

Шаҳбоз Саидабуроров имкони ба даст овардани нишони биринҷии   ЧО оид ба ҷудо миёни калонсолонро дорад, агар...

Имрӯз  дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо (Asian Senior Championships 2022) оғоз шуд. Кишвари моро дар ин мусобиқаи  9 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд.

Имрӯз дар рақобатҳои зери вазни 60 ва 66 кг кишвари моро дар рӯзи нахусти Asian Senior Championships 2022 – Муҳаммад Маҳмадизода ва Шаҳбоз Саидабуроров ҳунарнамоӣ доранд.

Шаҳбоз Саидабуроров зери вазни то 66 кг рақобатҳоро оғоз кард ва дар ин марҳила муқобили ҷудокори ҳиндӣ Нитин Чауҳан бо имтиёзи иппон дар сонияҳои охир ғалаба ба даст овард.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Шаҳбоз аз ҷудокори ҷопонӣ Риёма Танака мувоҷеҳи шикаст шуд ва ба даври тасаллобахш рафт.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло ҷудокори кишвари мо имкони ба даст овардани нишони биринҷиро дар ин мусобиқа дорад.

Пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охири Қаҳрамонӣ рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале тими милии Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.

Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Чемпионати мазкур 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё ширкат меварзанд.