Таъсири коронавирус ба рақобати Ҳабиб ва Тони

Таъсири коронавирус ба рақобати Ҳабиб ва Тони

Ҳабиб Нурмагомедов размгари доғистонӣ ва чемпиони UFC гуфт муҳорибаи ӯ бо Тони Фергюсони амрикоӣ дар ҳоли лағвшавист. Ба гуфтаи размикори доғистонӣ раҳбарияти UFC ҳоло роҳҳоеро меҷӯянд, ки рақобатро бе иштироки ӯ доир намуда, барои Фергюсон ҳарифи нав пайдо кунанд.

 "Хабарҳое ҳоло ба ман расид, ки UFC дар Амрико барои гузаронидани мусобиқа омодагӣ мегирад. Онҳо бо кадом штат гуфтушунид доранд. Ҳоло ман наметавонам аз Россия ба Амрико парвоз кунам. Ҳоло музокирот идома дорад, агар ман иштирок карда натавонам, онҳо ин мусобиқаро бо ман ё бидуни ман баргузор хоҳанд кард. Чуноне ки ман медонам, онҳо ҳатто ба Тони Фергюсон рақиб меҷӯянд, зеро ӯ дар Амрикост ва онҳо мехоҳанд дар Амрико муҳориба барпо кунанд, аммо ман дар Россия ҳастам",-гуфт Нурмуҳаммадов дар саҳифааш дар Instagram. 

Изҳороти Ҳабиб дар ҳолест, Тони Фергюсон, размикори амрикоӣ ӯро дар кӯшиши канораҷӯйӣ кардан аз муҳорибаи ояндаашон муттаҳам кард. Фергюсон гуфт, мубориза бо Нурмагомедов бояд дар доираи мусобиқаи UFC 249 санаи 18 апрел баргузор шавад. 

Ба гуфтаи варзишкори амрикоӣ, маҳз хоҳиши ба октагон набаромадани Нурмагомедов сабаб шуд, ки ӯ ба Россия равад. Ҳабиб Нурмагомедов чанде қабл аз ИМА, ки дар он ҷо тамрин мекард, ба Россия баргашт. Муҳориба Ҳабиб Нурмагомедов ва Тони Фергюсон мебоист 18 апрел доир гардад, аммо то кунун макони баргузории ин дидор муайян нест.