То беҳтарин нишонзан шудани Жиру дар Фаронса як қадами дигар мондааст

То беҳтарин нишонзан шудани Жиру дар Фаронса як қадами дигар мондааст

Ҳамлагари мунтахаби Фаронса -  Оливе Жиру дар бозии Лигаи Миллатҳо ба дарвозаи Австрия (2:0)  як гол зад ва ба нишонзани беҳтарини даста дар таърих наздик шуд.

Шумораи голҳои Жиру ба 49 расид. Терри Анрии афсонавӣ дар ҳайати мунтахаб 51 гол дорад. Анри  дар ҳайати тими миллии Фаронса 123 бозӣ анҷом додааст. Жиру имрӯз дар бозии 113-уми худ бо пироҳани Фаронса ба майдон баромад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки ҳамлагари дигари фаронсавӣ Килиан Мбаппе низ дар авҷи камолот аст. Ӯ  голи 28-уми худро бо пироҳани мунтахаби  Фаронса дар дидор бо Австрия зад ва дар феҳристи нишонзанҳои беҳтарин дар таърихи даста ба зинаи 10-ум баромад.

Қаблан Мбаппе гуфта буд, ки дар тими миллии Фаронса нисбат ба “ПСЖ” озодии бештар дорад.