Зиндагии пурмашаққати вазнабардоре, ки ҳамаро ба гиря овард

Зиндагии пурмашаққати вазнабардоре, ки ҳамаро ба гиря овард

Якчанд рӯз пеш хабаре паҳн шуда буд, ки як вазнабардорӣ кишвари Уганда аз маҳали зисташон дар “Деҳаи олимпӣ” фирор намудааст. Ин хабар якчанд муддат дар сархати сомонаҳои ҷаҳон ҷой гирифта буд. Мо ба хулосае омадем, ки ҳаёти талх ва пурмашаққати ин ҷавони 20 соларо ба таври пурра шарҳ диҳем.

Расман Олимпиада рӯзи 23 июл оғоз мешавад, баъзе намудҳои варзиш аллакай оғоз ёфтаанд. Аммо барои Юлиус Секитолекои угандагӣ ин Бозиҳои олимпӣ аллакай ба итмом расидаанд. Чаро ки вайро ба сабаби фирораш аз пойгоҳи тими миллӣ ба ватан бозгардонданд.

Дар қоғазе огоҳ карду барои кор пайдо кардан ба дигар шаҳр фирор кард

Юлиус Секитолеко дар категорияи то 67 кило баромад мекунад, вай барандаи медалҳои охирини чемпионати Африка мебошад. 19 июн Секитолеко дар ҳайати дастаи мунтахаби худ ба Ҷопон омад, аммо баъдтар ӯро бинобар паст шудани рейтинги ҷаҳонӣ, аз даста хориҷ карданд. Вай ва мураббияш мебоист рӯзи 20 июл ба Уганда бармегардиданд, аммо Секитолеко намехост ба хона баргардад.

Табибоне, ки барои санҷиши коронавирус аз тими миллии Уганда омада буданд, дар утоқи Юлиус навиштаҷотеро пайдо карданд. Варзишгар навиштааст, ки бинобар сатҳи пасти зиндагӣ дар кишвар намехоҳад ба Уганда баргардад ва нақша дорад дар Ҷопон кор пайдо кунад. Ва ӯ хоҳиш кард, ки ашёҳояшро ба занаш баргардонанд. Худи ҳамон рӯз, варзишгар ба занги яке аз намояндагони Уганда посух дод, аммо гуфт, ки ман гап зада наметавонам ва гӯширо гузошт.

Дар префектурае ёфт шудааст, ки гурезагон аз Уганда зиндагӣ мекарданд. Ҳангоми боздошт ӯ муқовимат накард, балки гиря кард

Полис фавран ба ҷустуҷӯи вазнбардор рафт. 20 июл ӯ дар префектураи Миэ ёфт шуд, ки дар он тақрибан 150 муҳоҷир аз Уганда зиндагӣ мекунанд. Варзишгар як рӯз пеш дар як истгоҳи маҳаллӣ дар камераи назоратии видео сабт шуда буд.

Баъдтар маълум шуд, ки Юлиус чиптаи қаторро ба Нагоя харидааст - тақрибан 200 км аз шаҳри Идзумисано, ки дастаи ӯ дар он ҷо машқ мекард.

"Ман бо пули худ, ба Нагоя чипта харида, аз меҳмонхонаи наздиктарин ба истгоҳ ворид шудам. Аллакай дар шаҳр, ман бо як дӯсти угандӣ тамос гирифтам ва ӯ маро бурд. Вақте фаҳмидам, ки полис маро меҷӯяд, ман ба ҷои дигаре гурехтам. Ман намехостам ба хона баргардам", - эътироф кард Секитолеко ҳангоми боздошт. Юлиус муқовимат накард, балки танҳо гиря кард.


Ҳоло ин варзишгар ба ватанаш депортатсия карда шуда, аз ҳайати тими миллиаш умурбод хориҷ карда шудааст.